Аз тағйирот то мушкилот
Бо гузашти замон ва таҳаввулоти глобалӣ дар баробари дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ, раванди густариш ва фаъолияти журналистика низ тағйир меёбад. Бо падид омадани технологияи нав ва вориди майдон шудани жанрҳои нисбатан муосир журналистика дар худ зарфиятҳои навро касб намуда истодааст. Дар баробари тағйироти бавуҷудомада дар журналистика, хусусан матбуоти даврӣ, инчунин мушкилоти соҳавӣ низ батадриҷ зиёд шуда, аз журналистон сайқали касб, фаъолнокӣ ва омӯзиши тактикаҳои муосирро дар иҷрои касбии фаъолият тақозо мекунад.
Матбуоти даврӣ яке аз типҳои асосии васоити ахбори омма, дар умум журналистика буда, аз рӯзҳои нахустини пайдоиш рисолати худро иҷро кардааст. Аммо дар замони нав, ки онро асри техникаву технология мегӯянд, мавқеи матбуоти даврӣ то андозае танг шудааст. Бо вуҷуди ин, имрӯз ин ниҳоди барои ҷомеа лозим фаъолияти худро дар сатҳи мавҷуда иҷро намуда, рақобати худро дар майдони журналистика идома медиҳад.
РАСОНАҲОИ РАҚАМӢ – ПЕШРАВӢ Ё МАЙДОНИ ДУРӮҒ?
Падид омадани расонаҳои рақамӣ ба фаъолияти журналистика, хусусан матбуоти даврӣ таъсири амиқ расонида, бархе муҳаққиқону таҷрибадорони журналистика онро ҳамчун “гавҳари дурӯғ ва маркази бадномкунии журналистикаи касбӣ” ном мебаранд.
Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”, зимни суҳбат иброз дошт, ки медиаи нав ё расонаҳои рақамӣ ба фаъолияти ВАО-и анъанавӣ, бахусус ба матбуоти даврӣ то ҷое таъсир расонданд: “Матбуоти чопӣ имрӯз бо даврияти нашр маҳдуд аст. Масалан, аксари нашрияҳо ҳафтае як-ду маротиба ва маҷаллаҳо моҳе як маротиба нашр мешаванд. Дар ҳоле ки расонаҳои рақамӣ хабару гузоришҳоро ба таври онлайнӣ, дар вақти воқеӣ интишор мекунанд, табиист, ки хонандагон бештар ба манбаъҳои онлайнӣ рӯ меоранд. Зеро ба ин васила онҳо иттилооти навро зудтар ва бо тавзеҳоти бештар дастрас карда метавонанд.
Ҳарчанд расонаҳои рақамӣ афзалиятҳои зиёд доранд, паҳншавии ахбори бардурӯғ (фейк) ва иттилооти беасос низ зиёд шудааст. Инҷо матбуоти анъанавӣ метавонад бо нигоҳ доштани стандартҳои касбии журналистика (санҷиши далелҳо, таҳқиқоти амиқ) мавқеи худро устувор нигоҳ дорад”.
Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи хусусии СССР, зимни суҳбат бо пешниҳоди чанд далел аз журналистикаи хориҷӣ изҳор дошт, ки фаъолияти сомонаҳои интернетӣ ё худ расонаҳои рақамӣ ба ҷойи журналистикаи касбӣ куллан хато буда, мақоми журналистикаи ҳирфавиро паст кардаанд: “Расонаҳои электронӣ имрӯз гавҳари дурӯғ ва маркази бадномии журналистикаи касбӣ шудаанд. Ҷанги Украинаву Россия расвоии журналистикаро дар “дили демократия” – Иттиҳоди Аврупо мушаххасан муайян намуд. Роҷеъ ба ин ҷанг расонаҳои “демократӣ”-и аврупоӣ яктарафа хабар медоданд ва ҳукм мебароварданд. Ҳукм баровардан рисолати журналистика нест. Журналистикаи рақамӣ дар ин ҳолат пропагандист шуд ва миссияи калидиашро раҳо кард… Расонаҳои русӣ бошанд, аз сӯи мутақобила ба ҷанг бархостанд. Расонаҳои фаромиллии Аврупову Россия миссияи аслии хешро раҳо карда, бо тамоми пастиву ҳамоқат ҳамдигариро дашному ҳақорат мекарданд. Фикр мекунам, ин набард нишон дод, ки расонаҳои интернетӣ, рақамӣ, бисёррасонаӣ ва электронӣ, мутаассуф, боварбахш ва касбӣ нестанд. Боз як факт ин аст, ки баробари сари кор омадани Доналд Трамп ин расонаҳо гуфтаву навиштаҳои худро поккорӣ карданд ва “ҷома”-и дигар пӯшиданд. Ба забони дигар, инҳо ҳатто бойгонӣ надоранд, ки боварибахш бошанд. Ҳамин соат чизе менависанд, ҷамъиятро саргарм мекунанд ва ним соат пас онро поккорӣ мекунанд ва касе инҳоро ба ҷавобгарӣ ҳам кашида наметавонад”.
Пайдоиши платформаҳои интернетӣ ба фаъолияти журналистикаи анъанавӣ, бахусус матбуоти даврӣ ҳам таъсири мусбат ва ҳам таъсири манфӣ гузошт. Аммо ба ақидаи баъзе муҳаққиқон, ҷиҳатҳои манфии он зиёдтар мебошад. Ин омили кам шудани теъдоди нашри нашрияҳо гардид, ки метавонад ба самти иқтисодии идора таъсир расонад.
Ҳамин тариқ, агар аз нигоҳи касбият ҳам назар кунем, дар ин раванд матбуоти даврӣ рисолати хабаррасонии худро аз даст дод. Роҷеъ ба ин мавзуъ Яҳё Маҳмаднабиев, рӯзноманигор, чунин андеша дорад: “Матбуоти анъанавӣ метавонад бо расонаҳои рақамӣ рақобат кунад, аммо бояд ба шароити нав мутобиқ шавад. Ин маънои тағйир додани модели тиҷоратӣ, истифодаи технологияҳои нав ва тамаркуз ба журналистикаи босифат ва амиқро дорад. Барои мисол, баъзе нашрияҳои бузурги ҷаҳон ба модели обунаи онлайнӣ гузаштаанд. Ҳамчунин, нашрияҳое, ки ба журналистикаи таҳқиқотӣ ва репортажҳои амиқ тамаркуз мекунанд, метавонанд аудиторияи худро нигоҳ доранд. Муҳим аст, ки матбуоти анъанавӣ қудрати расонаҳои рақамиро эътироф кунад ва онҳоро ба манфиати худ истифода барад, на ин ки онҳоро ҳамчун паёмади бад ба кори хеш донад. Ҳамкории байни матбуоти анъанавӣ ва расонаҳои рақамӣ метавонад барои ҳар ду фоидаовар бошад”.
Агар аз нигоҳи дигар назар кунем, васеъкунандаи майдони дурӯғ ё худ омили асосии зиёд шудани фейк-хабарҳо аз сар баровардани расонаҳои рақамӣ сарчашма мегирад. Имрӯз дилхоҳ нафаре, ки дар даст дастгоҳи мобилӣ дорад, аз ин ё он ҳодиса “гузориш” медиҳад. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксар маврид ба хотири ҷалби аудитория журналистони шаҳрвандӣ аз худ ахбори дурӯғ ва ҳангомавӣ “месозанд”.
МАТБУОТ ДИГАР БАРОИ НАШРИ ХАБАР НЕСТ?
Чуноне ки дар боло ишора кардем, дар асри нав расонаҳои рақамӣ мавқеи журналистикаи хабарӣ, хусусан матбуоти давриро танг карда истодаанд. Ба таври мисол, гуфта метавонем, ки ҳодисаи муҳими иҷтимоӣ рух медиҳад, мухбири нашрия аз он огоҳ мешавад, ба ҷойи ҳодиса рафта, аксу гузориш омода мекунад, ба редаксия меояд, онро масъулин аз назар гузаронида, ба чоп иҷозат медиҳанд. Дар нашрия бандубаст мешавад, ба чопхона мебаранд, чоп мешавад ва ба дасти хонанда мерасад. Барои иҷрои ин қадар кор, ҳадди аққал, як рӯзи пурра мегузарад, ки дар замони муосир алаккай хабар кайҳо муҳтавои худро гум мекунад. Мушаххасан гӯем, журналистони шаҳрвандӣ кайҳо боз онро дар интернет паҳн кардаанду мардум аз он хабардор шудаанд. Яъне, он дар нашрия танҳо ба хотири пур кардани ҷой гузошта шудаасту халос.
Имрӯз нашрияҳои даврӣ ба таври боядушояд ба расонаҳои рақамӣ рӯй овардаанд, аммо ҳанӯз талабот қонеъкунанда нест. Баъзе аз расонаҳои чопӣ матолиби худро дар шакли видеоӣ ва аудиовизуалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд. Ин метавонад яке аз шохаҳои конвергесияи ВАО дар расонаҳои Тоҷикистон бошад. Аммо ҳоло барои воридшавии пурраи нашрияҳои Тоҷикистон ба конвергенсия барвақт аст.
Яҳё Маҳмаднабиев дар хусуси инъикоси саривақтии ахбор дар нашрияҳои даврӣ чунин ибрози назар намуд: “Агар қаблан вазифаи асосии матбуоти даврӣ интиқоли хабарҳои саривақтӣ буд, ҳоло ин вазифаро расонаҳои рақамӣ хеле самараноктар иҷро мекунанд. Матбуоти даврӣ набояд кӯшиш кунад, ки бо расонаҳои рақамӣ дар суръат рақобат кунад. Ба ҷойи ин, бояд ба сифат, амиқӣ, таҳлил ва боэътимодии иттилоот диққат диҳад. Бо ин роҳ, матбуоти даврӣ метавонад муҳимияти худро дар ҷомеа аз даст надиҳад”.
Бояд нашрияҳои даврӣ самти фаъолияти худро то ба ҳадде тағйир дода, бештар ба нашри гузоришҳои муфассали таҳқиқӣ, матолиби таҳлилӣ-танқидӣ, лавҳаю очерк ва дигар жанрҳои марбут ба журналистика рӯй оваранд. Яъне, падид омадани расонаҳои рақамӣ маънои онро надорад, ки ба фаъолияти матбуоти даврӣ нуқта гузошт. Балки бояд масъулиятро даҳчанд зиёд намуда, тарзи мусоид ва муосири фаъолияти онро пеша кард.
Раҷаб Мирзо, журналисти мустақил, бар он назар аст, ки мардум билохира аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ хаста шуда, ба журналистикаи суннатӣ рӯ меоранд: “Аммо инро ҳам фаромӯш намекунем, ки аз ин пас насли дигаре хоҳем дошт, ки аслан бо журналистикаи суннатӣ – бо коғаз (яъне рӯзнома), танҳо ТВ ва радио “ошно” нестанд. Ҳама чиз барои онҳо маҷозист. Пас, зарурати ба ин раванд ҳамроҳ шудан пеш меояд. Роҳандозии майлонҳои нави журналистӣ, хоса мувофиқ ба талаботи ҷомеаи худи мо аз ин нуктаи назар бисёр муҳим аст. Дар ин сурат, имкони рақобат ба вуҷуд меояд. Инчунин, журналистикаи хабарӣ аз журналистикаи суннатӣ дур мешавад ва дуюмӣ бештар ба таҳқиқоти журналистӣ ва матолиби таҳлилӣ такя мекунанд. Ин ҳам як роҳи дигари рақобат хоҳад буд. Яъне, журналистикаи интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ майли бештар ба хабарсозӣ мекунанду журналистикаи суннатӣ такя ба таҳлилу таҳқиқ”.
Дар ин раванд, Сайёфи Мизроб ба он ақида аст, ки расонаҳои интернетӣ ҳарчанд ҷои расонаҳои касбиро танг карда бошанд ҳам, вале онҳо ҷои расонаҳои таоруфиро ҳеҷ гоҳ гирифта наметавонанд: “Оммавитар карда гӯем, расонаҳои интернетӣ усулан барои эътимод нестанд. Дар ин сурат, бояд расонаҳои чопӣ ахбори воқеӣ, дуруст, саҳеҳ ва саривақтӣ пахш намоянд ва бо мардум бештар ҳамкории зич дошта бошанд”.
Аз гуфтаҳои муҳаққиқон бармеояд, ки то имрӯз умеди дубора мавқеи аслии худро соҳиб шудани матбуоти даврӣ вуҷуд дорад. Фақат лозим аст, ки ҷомеаи журналистӣ падидаҳои муосирро ба таври дуруст ва самаранок истифода баранд.
ЖУРНАЛИСТИКА РАҚОБАТПАЗИР АСТ?
Вобаста ба тағйирот дар фаъолияти матбуоти даврӣ талабот ба журналистони соҳибтаҷриба ва огоҳидошта аз илмҳои нави журналистӣ зиёд мегардад. Дар журналистикаи анъанавӣ на ҳар кас қобилияти суратгирӣ, сабти навор, кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайраро дорад.
Имрӯз бошад, яке аз мушкилоти дигар ин мавҷуд набудани кадрҳои болаёқат дар майдони журналистикаи муосир мебошад. Ҳарчанд имрӯз дар аксари донишгоҳҳои кишвар факултаву шуъбаҳои рӯзноманигорӣ фаъолият кунанд ҳам, аммо аз рӯйи таҷрибаҳо муайян гардидааст, ки на ҳамаи муҳассилини ихтисосҳои рӯзноманигорӣ ба касби интихобкардаи худ шавқу рағбат доранд.
Ҳамчунин, бо падид омадани журналистикаи муосир бояд раванди таълим дар ихтисосҳои рӯзноманигорӣ ба таври лозима тағйир дода шавад. Шояд то ҳадде дар раванди таълим аз усулҳои муосир ба донишҷӯён дарс гуфта мешавад, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол ба талабот ҷавобгӯ нестанд.
Бахтиёр Ҳошимзода, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллӣ, зимни суҳбат изҳор дошт, ки таваҷҷуҳ ба шаклҳои нави касбият ҷараён дорад, ихтисосҳои замонавӣ роҳандозӣ гардидаанд ва ин ҷараён идома меёбад: “Дар асри ҷаҳонишавӣ, қатъи назар аз техникаю технологияи инноватсионӣ ва платформаҳои зиёд, нақши асосиро тафаккур мебозад. Аксаран ақида доранд, ки имрӯз матн нақшу ҷойгоҳи худро аз даст додааст. Ин фикр саҳеҳ нест. Танҳо сареият ва оҷилият нақши густурда пайдо мекунад. Дар ин сабқат журналисте муваффақ аст, ки агар набзи рӯзро дарк ва ташхис карда тавонад. Ҳар як унсур (аудио, видео, акс, навор ва ғ.) дар ин раванд мавқеи худро дошта метавонад. Дар олами ғасби афкор ва ахбори сарозер журналист бояд таҳлил карда тавонад ва минбари худро ёбад. Имрӯз теъдоди донишҷӯёни риштаҳои журналистӣ кам нестанд. Журналистика ҳунару истеъдод ва заҳмат аст. Дар ин майдон танҳо соҳибзавқон истодагарӣ менамоянд. Албатта, сармоя дар ҳама замон нақши худро дорад. Журналист низ ба сӯйи он минбаре мешитобад, ки он ҷо ҳавасмандӣ бештар аст”.
Имрӯз қариб дар тамоми идораҳои нашрияҳои даврӣ ва ҳатто телевизиону радио аз набудани кадрҳо танқисӣ мекашанд. Шояд нафароне, ки ихтисосҳои журналистиро хатм мекунанду завқи фаъолият доранд, ангуштшумор бошанд. Дилором Маҳкамзода, дотсенти кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дар хусуси мавзуи мазкур чунин ибрози назар намуд: “Мо имрӯз гуфта наметавонем, ки ихтисоси журналистика дар байни дигар ихтисосҳои гуманитарӣ рақобатпазир бошад. Солҳои қабл, баъди як соли таҳсили дар ихтисосҳои филологӣ, донишҷӯ бо роҳи санҷидани маҳорат ва кастингҳо ба ихтисосҳои журналистӣ ҷалб мешуд, аммо ҳоло онҳо тариқи Маркази миллии тестӣ вориди ихтисос мешаванд, ки аксарашон тасодуфианд”.
МАТОЛИБИ ТАҲЛИЛӢ-ТАНҚИДӢ КАМ МЕШАВАД?
Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки нашри маводҳои таҳлилӣ-танқидӣ дар журналистика, хусусан матбуоти даврӣ нисбати солҳои қабл кам гардидааст. Таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ барои пешрафти дилхоҳ соҳа ва ислоҳи камбудиҳои мавҷуда мусоидат мекунад. Албатта, агар он дар асоси принсипҳои фаъолияти журналистӣ – “айният ва беғаразӣ” таҳия шуда бошад, на аз рӯйи ғаразу манфиати шахсӣ.
Носирҷон Маъмурзода дар хусуси ин мавзуъ чунин ибрози назар намуд: “Матбуоти даврии анъанавӣ дар сурате метавонад бо расонаҳои рақамӣ рақобат кунад, ки бо тағйироти технологӣ мутобиқ шавад. Бартарии нашрияҳои даврӣ, ҳамчунин дар журналистикаи таҳлилӣ аст. Яъне, агар хабарҳои кӯтоҳро расонаҳои рақамӣ зудтар паҳн кунанд, таҳлили амиқ ва маводҳои таҳқиқотӣ метавонанд бартарии матбуоти анъанавӣ бошанд”.
Муҳаққиқон яке аз сабабҳои асосии кам гардидани матолиби таҳлилӣ-танқидиро дар рушди бесобиқаи расонаҳои рақамӣ мебинанд. Аудитория бештар ба хабарҳои кутоҳ, сарлавҳаҳои ҷалбкунанда ва иттилооти дастрас таваҷҷуҳ доранд: “Расонаҳои рақамӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо тағйир додани модели истеъмоли иттилоот, эҷоди рақобати шадид таъсир ба маблағгузорӣ ва кори рӯзноманигорон ба камшавии матолиби таҳлилӣ ва танқидӣ дар матбуоти анъанавӣ мусоидат мекунанд” – мегӯяд Яҳё Маҳмаднабиев.
Аммо бояд гуфт, ки барои интишори матолиби таҳлилӣ-танқидӣ дар мавриди мушаххас будани мавзуъ ҳеҷ мушкилот наметавонад, ки монеагӣ эҷод кунад. Танҳо бояд тавозуни онро ба инобат гирифта, холисона онро таҳия намуд. Маводи хуб (хусусан, таҳлилӣ-танқидӣ) ҳама вақт хонандаи худро пайдо мекунад. Ногуфта намонад, ки ба ҷуз аз чопи он дар рӯзномаву маҷалла, инчунин усули дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашр кардани он низ вуҷуд дорад.
Ба ҷуз аз масъалаҳои рушди интернет, инчунин чандин омилҳои дигаре, ба монанди кам будани кормандон, паст будани вазъи иқтисодӣ ва ғайраҳо низ мавҷуд аст, ки нашри матолиби таҳлилӣ-танқидӣ дар нашрияҳои даврӣ кам гардидааст.
Дар ин раванд, бо кам гардидани матолиби таҳлилӣ ва дигар омилҳои муҳими иқтисодӣ, технологӣ ва иҷтимоӣ дар солҳои охир сифати муҳтаво дар журналистика, хусусан матбуоти даврӣ коҳиш ёфтааст. Бо рушди расонаҳои рақамӣ ва платформаҳои иҷтимоӣ бисёре аз нашрияҳои чопӣ маҷбур шуданд, ки ба муҳити онлайнӣ гузаранд. Ин тағйирот сабаб шуд, ки баъзе расонаҳо бо паҳн кардани ахбори зудрас ба сифати муҳтаво таъсири манфӣ расонанд. Ҳамчунин, шитобкорӣ дар интишори ахбор ва истифодаи сарлавҳаҳои ҳангомавӣ (сенсатсионӣ) боиси зиёд шудани хато ва паст шудани сифат гардидааст.
БА ҶОЙИ ХУЛОСА
Бо гузашти 113 сол аз пайдоиши аввалин нашрияи чопии тоҷикӣ дар қиёс ҳанӯз ҳам матбуоти даврӣ ба таври боядушояд кӯшиши иҷрои рисолати худро карда истодааст. Ҳарчанд бо тағйироти вазъи иҷтимоӣ дар соҳаи журналистика чандин мушкилиҳо дар он пайдо шуда бошанд ҳам, вале то имрӯз фаъолияти ҳеҷ як нашрия ба хотири ба талабот мувофиқ набудан маҳдуд нашудааст. Дар ин раванд, бояд расонаҳои чопӣ тарзи фаъолияти худро ба замони муосир мутобиқ намуда, аудиторияи худро соҳиб шаванд ва дар майдони журналистика ҳамчун манбаи ягонаи ҳифзи маълумот нигаҳдорӣ шаванд. Гарчанде матбуоти даврӣ зери таъсири васоити ахбори рақамӣ қарор дорад, ҳанӯз ҳам он метавонад бо мутобиқшавӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбият рақобатпазир боқӣ монад.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
Бознашр аз “Паёми Душанбе”